Сангниҳоди аввал барои бунёди Маркази муайянсозии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ҳастаӣ гузошта шуд.
7 марти соли 2020 Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ Илҳом Мирсаидзода бо мақсади иҷрои банди 8 а), 9 г) ва д) Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №54 аз 9 феврали соли 2016 тасдиқ шудааст, санги аввали бунёди Маркази шиносоии маводҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ)-ро гузоштанд.
Маркази шиносоии маводҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ) бинои муосири 4-ошёна хоҳад буд, ки дар он 12 озмоишгоҳ ҷойгир карда мешаванд. Барои сохтмони маркази шиносоӣ 10 миллион сомонӣ (1 миллион доллари ИМА) масраф карда мешавад. Ифтитоҳи марказ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи сентябри соли 2021 таҷлил мешавад, ба нақша гирифта шудааст.